"Аллакай баррасӣ мешавад": Дар ИМА ошкор карданд, ки барои Украина чӣ омода мешавад

Номзад ба мақоми президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, агар ба қудрат бирасад бо Русия созиш мекунад, аммо барои ин як шарт дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Раҳбарияти кишварҳои ғарбӣ паси парда ба баррасии шартҳои сулҳ миёни Русия ва Украина шурӯъ карданд.
Дар ин бора Вивек Рамасвами, номзад ба мақоми президентии ИМА дар шабакаи иҷтимоии Х изҳор дошт.
"Мақомдорон маро барои ин гуфтаҳо (сулҳ бо Русия - ред.) бадном мекунад, аммо паси дарҳои баста ба назар мерасад, ки онҳо зарурати бастани созишномаи сулҳро қабул кардаанд",- гуфт ӯ.
Рамасвами таъкид кард, ки агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, ба Русия созишеро пешниҳод хоҳад кард, ки тибқи он Вошингтон дар ивази шикастани иттифоқ миёни Маскав ва Пекин аз қабули Украина ба НАТО худдорӣ мекунад ва хатҳои феълии марзро мунҷамид мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Роҳи дигар нест": Ғарб Зеленскийро бо гузаштҳо ба музокирот тела медиҳад
Қаблан шабакаи телевизионии NBC бо такя ба мақомоти расмӣ хабар дода буд, ки ИМА ва Аврупо бо Киев имкони музокира бо Русия ва чӣ бояд ба хотири сулҳро қурбонӣ кунанд, баррасӣ мекунанд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии NBC, мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ аз он нигаронанд, ки низоъ, ба назари онҳо, ба бунбаст расидааст.
Онҳо инчунин аз имкони расонидани кӯмаки минбаъда ба Киев боварӣ надоранд.