Тоҷикистону Русия мубориза бо маводи мухаддирро тақвият медиҳанд

Намояндагони ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати қочоқи маводи мухаддир дар минтақа, пеш аз ҳама, аз Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Кормандони интизомии Тоҷикистону Русия дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар доданд.
Созишномаи дахлдорро директори АНМН Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба имзо расониданд, ки он барои солҳои 2023-2025 эътибор дорад.
Чорабинӣ онлайн сурат гирифта, сардори Агентӣ оид ба сиёсати зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дод.
СПАД барои мубориза бо маводи мухаддир марзи Тоҷикистону Афғонистонро пурзӯр мекунад
Ҷонибҳо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва минтақаро баррасӣ намуда, ҳамчунин аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд.
Дар ҷамъбаст онҳо омодагии худро барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо маводи мухаддир изҳор намуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия барои идомаи лоиҳаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо кардааст.