Маҳсулоти худӣ дар кишварҳои ИИАО бештар мешавад

Мудири департаменти сиёсати аграрии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳро ба сатҳи баланди таъминоти ғизо дар кишварҳои ИИАО ҷалб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Маҳдудиятҳое, ки дар комплекси агросаноатӣ ба вуҷуд омадаанд, барои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имконият фароҳам меорад.
Ин ба дӯконҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имкон медиҳад, ки маҳсулоти тавлиди дохилиро ҳарчи бештар ба фурӯш гузоранд, изҳор дошт мудири департаменти сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Армен Арутюнян.
Вай дар Анҷумани иқтисодии АвруОсиё дар Верона таъкид кард, ки сатҳи худтаъминкунӣ дар кишварҳои иттиҳод 93% аст.
"Тамоюл аён аст. Масалан, аз соли 2012 то соли 2018 муомилоти кишоварзӣ байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ду баробар афзоиш ёфт. Корхонаҳои нав бунёд мешаванд", - гуфт Арутюнян.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз ҳама кишварҳо ва бахши хусусӣ даъват мекунад, ки фаъолияташонро на бар асоси маҳдудиятҳои муваққатӣ, балки бар асоси фазои рақобат дар саросари ҷаҳон бунёд кунанд.
Шаҳрвандони ИИАО барои кор бештар ба Русия мераванд
Вай инчунин дар суҳбат бо "Известия" аз ҳамкорӣ дар бахши озуқаворӣ бо кишварҳои сеюм тавсиф кардааст.
"Мо бо Эрон як минтақаи муваққати озоди тиҷораӣ дорем, фикр мекунам, ки дар давоми як ҳафта санади ниҳоӣ дар бораи минтақаи озоди тиҷорат ба имзо хоҳад расид", - гуфт Арутюнян.
Вай таъкид намудаст, чунин минтақа миёни кишварҳои ИИАО ва Ветнам низ таъсис дода шудааст.