ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид ба ҳайси узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ савганд ёд кард.
Ба иттилои Маҷлиси миллии Тоҷикистон, маросими савгандёдкунии Давлаталӣ Саид дар иҷлосияи 15-ум, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.
Дар пайи ин аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидро ба мақоми раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки вай дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзодаро иваз кард, ки қаблан вазифаи дигар гирифт.
Давлаталӣ Саид моҳи июни соли 2023 ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон №3 баранда гардид.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро тасдиқ карда буд ва ҳамакнун бо ёд кардани савганд дар вазъияти ботантана ба халқи ҷумҳурӣ ба кор дар палатаи болоии парлумон оғоз намуд.