ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Аз 590 иншооти таъиноташ гуногун аллакай 316 адад ба истифода дод шуд, ки ин 50% нақшаро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Фирдавс Шарифзода зимни машварати корӣ иттилоъ дод.
"Бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 адад иншооти таъиноташ гуногун сохта ба ва истифода дода мешавад", - таъкид намуд раиси шаҳр.
Ӯ гуфт, феълан тибқи нақша дар шаҳри Хуҷанд 316 адад иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки зиёда аз 50 фисади нақшаро дарбар мегирад.
Ба маълумоти Шарифзода, дар Хуҷанд бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 125 адад иншоот идома дошта, дар ояндаи наздик 10 адад он бояд мавриди истиофда қарор дода шавад.
"Тибқи нақшаи 35 солагӣ дар соли равон дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 33 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст", - илова намуд раиси шаҳр.
Ба ҷузъ аз баррасии корҳои ободонӣ, Шарифзода ҳамчунин аз рафти даъвати тирамоҳии ҷавоно ба хизмати ҳарбӣ гуфта, аз масъулон хост нақша сари вақт иҷро гардда.
Масъалаи омодагӣ ба даври тирамоҳу зимистон низ дар машварати корӣ баррасӣ шуд ва масъулон аз сӯи раиси шаҳри супоришҳои қатъӣ гирифтанд.