ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Душанбе шикояти сокинони пойтахт аз рондани автобусҳои шаҳрӣ ҳал шуд.
Дар ин бора аз шӯъбаи иттилооти Муассисаи давлатии коммуналии "Нақлиёти Душанбе" хабар доданд.
Гуфта мешавад, дар мулоқоти гурӯҳи корӣ бо ронандагон шикояти мусофирон дар бораи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ баррасӣ шудааст.
Онҳо инчунин диққатро ба муоширати хеле дағалонаи байни ронандагон ва аҳолии шаҳр чалб карданд.
Аммо дар ин мулоқот ҳамчунин аз муваффақиятҳо дар рушди нақлиёти шаҳри Душанбе таъкид шуд: ба таври куллӣ таҷдиди парки нақлиёти пойтахт ва ба миқёси васеъ ба даст овардани автобусу троллейбусҳои замонавӣ барои беҳтар кардани сифати ҳаракат.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳоло 432 ронандагони автобус, 132 троллейбус, 1557 микроавтобус ва 4350 таксӣ ба сокинон хизмат мерасонанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ширкати тоҷикии "Малика ТИБ" ва ширкати русии "Парус Электро" қасд доранд, барои таъсиси марказҳои барқгирӣ дар Душанбе ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамин тариқ, нуқтаҳои пуркунии барқ барои автобусҳои электрикӣ ва соҳибони мошинҳои барқӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2023 мақомоти Тоҷикистон дар бораи густариши истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар ҳарф зада буданд.
Ҳамин тариқ, дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки дар кишвар қонуне таҳия шудааст, ки воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистонро аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.
Илова бар ин, ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон бо ҳамкасбонаш дар мавриди тавлиди муштараки мошинҳои барқӣ ба мувофиқа расида буд.