ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар панҷ сол Осиёи Марказӣ ба камбуди об ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар ин бора раиси Шӯрои Бонки Рушди Авруосиё Николай Подгузов дар Конгресси умумиҷаҳонии гидроэнергетика изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти БРАО.
Ба гуфтаи вай, дар солҳои 2028-2029 Осиёи Марказӣ 5-12 куб.километр мукааб ба касри об дучор хоҳад шуд.
Дар баробари ин дар минтақа афзоиши назарраси талабот ба нерӯи барқ дар назар аст.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда оқибатҳои тағйири иқлимро коҳиш дода, рушди иқтисодиву иҷтимоиро таъмин хоҳад кард.
Тибқи ҳисобҳои БРАО, камтар аз 25% иқтидори гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ азхуд карда шудааст.
Дар минтақа зиёда аз 80 истгоҳи барқии обӣ мавчуд аст, ки иқтидори умумии онҳо қариб 14 ҳазор МВт мебошад.
Дар назар аст, ки то соли 2035 иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз ҳисоби навсозии нерӯгоҳҳои кӯҳна ва бунёди нерӯгоҳҳои нав 8900 МВт зиёд карда шавад.
Сохтмони Нерӯгоҳи Қамбарота-1 (1860 МВт) дар Қирғизистон ва НБО-и "Роғун" (3600 МВт) дар Тоҷикистон бо баландтарин сарбанд дар ҷаҳон бо баландии 335 метр аз бузургтарин лоиҳаҳои нав иборатанд.
Бонки Рушди Авруосиё тасмим гирифтааст, ки дар се соли оянда барои рушди маҷмааи обу энержии Осиёи Марказӣ беш аз 400 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Бино ба пешбинии иқлимшиносон, то соли 2040 дар бархе аз кишварҳои минтақа сарборӣ ба захираҳои об 2,8 баробар афзоиш хоҳад ёфт. То соли 2050 дарёи Сир метавонад 15% паст шавад, ки ин барои хоҷагии деҳоти поёноб як офат хоҳад буд.
Ба гуфтаи экологҳо, агар танзими доимии ҷараёни об, яъне сарфаи об ва автоматикунонии тақсимоти обро ҷорӣ кунем, имкони пешгирӣ аз чунин рушди ғамангези ҳодисаҳо вуҷуд дорад.