Рустами Эмомалӣ бо муовини Матвиенко мулоқот кард

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мулоқот бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия муносибатҳои байнипарлумонии ду кишварро нек арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе бо муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлёв мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Журавлёв ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия дар Тоҷикистон қарор дорад.
Манбаъ меафзояд, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду давлат баррасӣ шуд.
Тасдиқи тағйироти кадрӣ ва созишнома бо Русия дар парлумони Тоҷикистон
Зикр гардид, ки Рустами Эмомалӣ ба рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия баҳои хуб дод.
"Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории давлатҳо оид ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша намуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.