ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар Анҷумани вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо суханронӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар дод.
Зикр мегардад, ки Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки САҲА – ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодию экологӣ ва башарӣ ба иштирокдорони форум расонидааст.
Илова бар ин, вай ба зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар минтақаи САҲА таъкид кардааст, афзуд вазорат.
Ёдовар мешавем, ки дар ин моҳ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ карда, вазирон сатҳи ҳамкориҳои феълии минтақа ва дурнамои онро баррасӣ карданд.