ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Кумаки башардӯстонае, ки мақомоти Тоҷикистон ирсол намуда буданд, аллакай вориди Афғонистон шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд. Он барои сокинони афғон, ки аз заминларза осеб дидаанд, пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ба Ҳирот контейнерҳо бо лавозимоти зарурӣ ирсол шуд. Ин корвон аз 130 мошини боркаш бо 3.2 ҳазр тон кумаки башардӯстона иборат аст.
Ҷониби Тоҷикистон маводи ғизоӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, кат ва оби ошомиданӣ фиристод.
Ҳамагӣ 27 номгӯй маҳсулоти зарурӣ аз қабили:
200 тон орд;
50 тон шакар;
20 ҳазор литр равғани растанӣ;
20 тонна нахӯд; 20 тонна шолӣ.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи октябр дар Афғонистон як силсила заминларза рух дод.
Расонаҳо гузориш додаанд, ки бар асари офати табиӣ 2 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 9 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.