ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Тими душанбегии "Истиқлол" бори даҳум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои "Истиқлол" - и Душанбе ва "Равшан" -и Кӯлоб сурат гирифт.
Нахуст ҳисобро футболбози "Равшан" Жозеп Акомади боз кард. Ба гузашти ҳамагӣ 7 дақиқа Содиқҷон Қурбонов, дифоъгари тими "Истиқлол" ҳисобро баробар аст.
Вохӯрии ин ду даста бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт ва ғолибро бояд зарбаҳои 11 метра муайян мекарданд.
Дар ин набард футболбозони "Истиқлол" тавонистанд ба дарвозаи "Равшан" 4 гол зананд ва ҳамчунин 2 голро ба дарвозаи худ қабул намудадн.
Ҳамин тариқ "Истиқлол" бар дастаи "Равшан" пирӯз омад ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гашт.
Ёдовар мешавем, ки дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон ин ду даста боре ҳам байни ҳам рақобат накарданд ва дар нахустин вохӯрӣ тими душанбегӣ дастаи Кӯлобро шикаст дод.
Футболбозони "Истиқлол" 14 маротиба ба финал баромада, 10 бор Ҷомро ба даст овардаанд. "Равшан" се маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ду бор – солҳои 1994 ва 2020 соҳиби Ҷом шуда буд.