Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориро густариш медиҳанд

Ҷонибҳо ба роҳ мондани омӯзиши забони чинӣ дар донишгоҳ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳамтои худ аз Донишгоҳи омӯзгории Шинҷони Чин, хонум Ҷон Илей мулоқот кард.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе дар бинои донишгоҳи бузургтарини кишвар баргузор шуд.
Ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф ҳарф зада, ҳамчунин доир ба роҳандозии робитаҳо дар самти барномаҳо табодули афкор намуданд.
Ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар ДМТ
Ректорони ин ду донишгоҳ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Чин иброз дошта, ҳамчунин омӯзиши забони чинӣ, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва конфронсҳои байнулмилалиро баррасӣ кардаанд.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонони чинӣ таҳти роҳбарии ректори ДМТ бо Осорхонаи Президенти Тоҷикистон, ки дар бинои факултети иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, шинос шуданд.