CAFA беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии сол дар Осиё шуд

CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад, ки аллакай ба муваффақиятҳои бузург ноил шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар маросими тантанавии КФО беҳтарин федератсияи минтақавии сол эътироф гардид.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, маросими супурдани ҷоиза дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин ассотсиатсияи минтақавии КФО мебошад, ки ба зудӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ президенти он интихоб шуд.
Доварони Тоҷикистон бозиҳои КФО-ро ҳакамӣ мекунанд
Таҳти сарпарастии CAFA аз моҳи январи соли 2022 то апрели соли ҷорӣ 11 мусобиқа, аз ҷумла мусобиқоти ҳам байни ҷавонон ва ҳам байни занон сурат гирифт, ки 9-тоаш дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба CAFA Федератсияи футболи 6 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Қароргоҳи Ассотсиатсия аз соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.