ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро ба тасвиб расонд.
Ҳуҷҷати дахлдор дар вебсайти иттилооти ҳуқуқии ҷумҳурӣ нашр шудааст.
Қайд мекунад, ки ин созишнома соли 2021 дар Минск ба имзо расида буд.
Созишномаи байни кишварҳои муштаракулманофеъ ташкили бозори умумии меҳнат, ҳамчунин таҳия ва татбиқи низоми ҷалби муташаккили муҳоҷирон, мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва афзоиши ҳаракати захираҳои меҳнатиро пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки бархе аз нуктаҳои дар созишнома зикргардида аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз қабл аз имзои созишнома тарғиб шуда буданд.
Аз ҷумла, сухан дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ ба Русия меравад