ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз заминларза рух дод.
Дар ин бора олимони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги сейсмикии пешгӯии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза дар минтақаи Мурғоб сабт шудааст. Ҷунбиши замин ба шиддати 3,8 ва 4,7 дараҷа дар соати 01:26 ва 01:46 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Дар ҳамин ҳол, дар соати 05:40 (31 октябри соли 2023, соати 00:40 ба вақти Душанбе) заминларзаи 4,2 дараҷа боз ба қайд гирифта шуд.
Координатаҳои онҳо 37,51 градуси арзи шимолӣ; 74,52 градус тӯли шарқӣ будааст. Маркази заминларза дар умқи 100 километр воқеъ буд, гуфта мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар минтақа санаи 30 октябр низ заминларза ба қайд гирифта шуда буд.
Зимнан, аксаран чунин ҳолатҳои изтирорӣ дар Бадахшони Кӯҳӣ рух медиҳанд – ҳамагӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ин минтақа беш аз 20 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар кушта ва ба маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст.