Дар Тоҷикистон масъалаҳои омӯзиши забони русиро баррасӣ карданд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба забони русӣ ва мавқеи он дар илми муосир баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Душанбе масъалахои муҳими омӯзиши забони русӣ муҳокима шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Россотрудничество хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии "Забони русӣ – забони сулҳ ва муколамаи байни миллатҳо", ки дар Академияи миллии улуми Тоҷикистон баргузор шуд, баҳсу мунозираҳо сурат гирифт.
Фарзандони паноҳҷӯёни афғон дар Душанбе забони русӣ меомӯзанд
Ба гуфтаи намояндаи Россотрудничество, омӯзиши забони русӣ барои таҳсили минбаъдаи тоҷикон дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия хеле муҳим аст.
"Мо манфиатдорем, ки бачагонро ба Русия фиристем, то онҳо соҳиби тахассуси омӯзгор ва филолог шаванд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, ӯ ёдовар шуд, ки ҳоло маъракаи дарёфти квота ҷараён дорад, ки ба донишомӯзони Тоҷикистон имкони таҳсили русиро фароҳам меорад.
Он инчунин барои олимони ҷавон, ки мехоҳанд фаъолияти тадқиқотии худро дар аспирантура идома диҳанд, барномаҳо пешниҳод мекунад.