Таркиш дар қаҳвахонаи "Мерве" дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт дар бораи оқибатҳои садама ва ҳамчунин чанд нафар дар натиҷа захмӣ шуданд, иттилоъ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 октябрь — Sputnik. Дар тарабхонаи маъруфи "Мерве"-и Душанбе ҳодисаи нохуш рух дод.
Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии пойтахт хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ошхонаи муассиса, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, баллони гази моеъ таркид.
Ҳодиса тақрибан соати 13:24 дақиқаи имрӯз 30-юми октябр сар задааст
"Дар натиҷаи ин таркиш ду нафар шаҳрвандон, як нафар корманд ва як нафар мизоҷи ошхонаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд", - афзудааст манбаъ.
Илова бар ин, адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст
Гуфта мешавад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва сабабҳои он таҳқиқ мешавад.
Сӯхтори шабонаи бозор дар Суғд: шарҳи мақомот - акс
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин қодиса бо ин қаҳвахона нест. Он соли 2018 низ оташ гирифта буд.
Қаҳвахонаи "Мерве", ҳудудан 25 сол аст, ки дар маркази Душанбе ба сокинону меҳмонони шаҳр хӯрокҳои туркӣ мешниҳод мекунад.
Ин қаҳвахона дар соли 2021 беҳтарин ошхонаи Душанбе эълом шуда буд.