Рубл дар Тоҷикистон гарон шуд

Қурби рубли русӣ, ки чанд рӯз боз майли баландшавӣ дорад, тайи рӯзҳои истироҳатӣ боз ҳам баландтар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 118,3 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки аввали ҳафтаи сипаришуда дар кишвар 1000 рубл ҳамагӣ 114 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори русӣ тайи моҳҳои ахир мизони ноустуворро касб кардааст ва танҳо дар пайи амалкардҳои Бонки марказии Русия каме беҳбуд пайдо мекунад.
Дар баробари рубл евро низ майли баландшавӣ касб намуда, доллар баръакс дар бозори арзи кишвар поин рафт.
Агар чанд рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9699 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9535 сомонӣ медиҳанд.
Баъди фармони Путин: қурби рубл дар Русия майли афзоиш кард
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.56 сомонӣ медиҳанд. Евра дар аввали ҳафтаи сипаришуда якбора поин рафт, вале пасон боз рӯ ба баландшавӣ ниҳод.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.