ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Чин омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ҷониби Русия дар масъалаҳои вокуниш ба таҳдидҳои амниятӣ изҳор дошт.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Юшя зимни музокира бо раҳбари вазорати дифои Русия Сергей Шойгу изҳор дошт.
Пекин инчунин ба нигоҳдории муштараки мувозинати стратегӣ ва суботи ҷаҳонӣ даъват кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати дифои Чин.
"Чин омода аст бо Русия барои вокуниши фаъол ба таҳдидҳо ва чолишҳои мухталифи амниятӣ, инчунин нигоҳ доштани мувозинати стратегӣ ва суботи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад", - изщор дошт Чжан Юшя.
Мулоқоти муовини раиси Шӯрои марказии низомии ҶМЧ Чжан Юшя ва вазири дифои Русия душанбеи 30 октябр дар Пекин баргузор шуд, ки Сергей Шойгу барои иштирок дар Форуми X Сяншан оид ба масъалаҳои амният омадааст.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ Шойгу гуфт, Русия ҳамчунон омодаи баҳсҳои сиёсӣ оид ба ҳалли бӯҳрони Украина пас аз низоъ аст.