Шумораи қурбониёни садама дар кони Қазоқистон афзоиш ёфт

Рӯзи 29 октябр дар сартосари Қазоқистон бо қарори президент мотами миллӣ эълон шуд. Ҳоло ҷустуҷӯи 10 конкан идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Шумораи қурбониёни кони Костенко дар вилояти Қарагандаи Қазоқистон ба 36 нафар расид, хабар медиҳад ширкати ArcelorMittal Temirtau.
"Феълан марги 36 конкан тасдиқ ёфт", - омадааст дар хабари ширкат.
Ҳамчунин ҷустуҷӯи 10 конкани дигар идома дорад.
Дар кони Костенкои ширкати "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағанда соати 02:33-и рӯзи 28 октябр таркиш рух дод. Дар замони рух додани фоҷиа 252 нафар дар зери замин буданд. Аз ин миён 205 нафар зуд наҷот дода шуд. Қаблан дар бораи 35 қурбонӣ гузориш шуда буд.
Раҳмон ба Тоқаев номаи ҳамдардӣ ирсол кард
Маврид ба зикр аст, ки аз макони сар задани садама кишвардори Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев дидан карда, рӯзи 29 октябрро дар саросари кишвар мотами миллӣ эълон кард.
Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқи худ номаи ҳамдардӣ ирсол кард. Ӯ гуфт, "мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем".
Роҳбари давлат аз номи худ ва кулли мардуми Тоҷикистон ба пайвандони фавтидагон таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон шифои комилу оҷил хост.