Раҳмон барои изҳори ҳамдардӣ ба Тоқаев занг зад

Дар рӯзи сар задани ин фоҷиаи маргбор кишвардори Тоҷикистон ба президенти Қазоқистон номаи ҳамдардӣ ирсол намуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо кишвардори Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ба ҳамтои қазоқ ва кулли мардуми Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён кард.
Ҳамчунин ба пайвандону наздикони фавтидагон низ тасаллият баён карда, ба осебдидагон шифои комил хост.
Ҷасади 42 конкан дар Қазоқистон пайдо шуд: 4 тани дигар бенишонанд
Роҳбари давлат изҳори умедворӣ кард, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф хоҳанд шуд.
"Дар ҷараёни суҳбат арони давлатҳо алоқамандии ҷонибҳоро ба идомаи ҳамоҳангии зичи талошҳои ҷонибҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд", - омадааст дар хабари котиботи презиент.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи сар задани ин фоҷиаи даҳшатбор Эмомалӣ Раҳмон ба Қосимҷомарт Тоқаев мактуби ҳамдардӣ ирсол намуда буд.
Тибқи маълумоти ахир, ҷасади 42 конкан пайдо шуда, ҷустуҷӯи боз 4 нафари дигар идома дорад.
Гуфта мешавад дар замони сар задани садама дохили кон 252 нафар қарор доштанд, ки аз ин миён 205 нафар зуд наҷот дода шуд.