Дар Маскав тоҷикистонӣ як занро паронд

Кумитаи тафтишот дар Маскав дар робита ба тирпарронӣ бо силоҳи пневматикӣ дар истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар Маскав як зодаи Тоҷикистон аз таппончаи пневматикӣ ба асфалт паррондааст, ки дар натиҷа тир ба зан бархӯрд.
Дар ин бора канали Telegram-и раёсати пойтахти Русия дар Кумитаи тафтишоти Русия хабар додааст.
Тавре кормандони ҳифзи ҳуқуқ маълум карданд, ҳодиса дар як истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шимоли Маскав рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, як зодаи Тоҷикистон дар истгоҳи автобусҳо дар кӯчаи Софя Ковалевскаяи шаҳри Маскав, бидуни ягон сабаб аз силоҳи пневматикӣ ба асфалт паронд, ки тир ба зане, ки бо фарзандаш буд, бархӯрд.
Мишустин хостори назорати бештари муҳоҷирон шуд
Гуфта мешавад, ки "баъдан ин мард ба автобус савор шуда, бидуни ягон сабаб ба як мусофири автобус тир холӣ кард."
Хушбахтона ба ҳаёти онҳо хатаре таҳдид намекунад.
Айбдоршаванда ба таври фаврӣ дастгир карда шуд ва дар ояндаи наздик ӯ барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ ба шӯъбаи Кумитаи тафтишотии пойтахт интиқол дода мешавад, гуфта мешавад дар қароргоҳи Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия дар Маскав.
Ба иттилои ин ниҳод, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.