ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи аломатгузории марз сурат гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.
"Дар мулоқоти навбатӣ ба ҳисоби масъулони дахлдор ҳамчунин намояндагони Кумитаи заминсозӣ иштирок доштанд", - афзуд манбаъ.
Тафсилоти бештари ин музокиротро ифшо нашудааст, танҳо маълум аст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва тафоҳум сурат гирифт ва интизор меравад, дидори навбатии намояндагони ду кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Маврди ба зикр аст, ки баррасии хати сарҳади давлатӣ аз 22 то 28 октябр идома дошт. Интизор меравад, дар зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо тавофуқот ҳосил кунанд.
Музокироти қаблӣ, ки рӯзҳои 12-18 октябр баргузор шуда буд, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи тақрибан 14 км марзи муштарак ба мувофиқа расида буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон миёни ҳам 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.