Хуҷандро 1600 нафар тамиз карданд

Ҳамчунин дар маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Хуҷанд даҳ адад қуттиҳои махсус барои партофтани зарфҳои пластикӣ ҷо дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бо супориши раиси вилояти Суғд ва мири шаҳри Хуҷанд дар ин шаҳр ҳашари густурда баргузор шуд.
Дар ин дафтари матбуоти раиси ҷилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тамизкорӣ дар маҳаллаи "Навбаҳор"- и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Барои тамиз кардани ин маҳалла кормандони сохторҳои Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ, идораи сохтмони асосӣ, омӯзгорон ва худи аҳолӣ ҷалб карда шуданд.
Гуфта мешавад, ҳашарчиён гирду атрофи маҳалларо пок намуда, кормандон ва техникаи КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" саривақт партовҳои ҷамъшударо интиқол дод.
Ҳамзамон дар доираи иҷрои "Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2021-2025" бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар 10 мавзеи сераҳолии шаҳр қуттиҳои партов барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуданд.
"Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо- тоза нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Баргузории ҳашари дастҷамъӣ дар ҳлест, ки қаблан сокинони ин шаҳр шикоят дштанд, ки партовҳо сари вақт берун оварда намешаванд ва аз ин рӯ ҳар ҷо паҳн мегардаднд.
Хуҷанд пур аз партов: Кӣ гунаҳкор ва чӣ бояд кард?
Вале масъулони Идораи санитарӣ мушкили партовро дар Хуҷанд ба сокинон рабт медиҳанд, ки онро нодуруст мепартоянд ва далел меоранд, ки дар ҳоле қуттиҳо холиянд, партов дар атрофашон партофта шудааст.