ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар кони Костенкои вилояти Қарағанда дар Қазоқистон садама ба амал омад. Дар ин бора ArcelorMittal Temirtau хабар дод.
Эҳтимол меравад, дар дохили кон таркиши гази метан рух дода, баъд аз он сӯхтор сар зад. Қаблан аз кушта шудани 11 конкан ва бистарӣ шудани 18 тани дигар хабар дода шуд.
Тибқи иттилои ширкати ArcelorMittal Temirtau, ҳангоми садама дар кон 252 нафар буда, 205 конкан ба рӯи замин бароварда шуданд. Ширкат илова кард, ки ҷасади ҳафт кушташуда аз ҷониби наҷотдиҳандагон, ки ба зудӣ ба ҷои ҳодиса расиданд, қариб фавран пайдо шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса 40 нафар наҷотбахшон, 10 воҳиди техника ва 3 равоншинос кор мекунанд, то ба наздикони ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон кумак расонанд.
Ёдовар мешавем, моҳи август дар як кони дигари ширкати "АрселорМиттал Темиртау" сӯхтор рух дод, ки боиси марги панҷ конкан шуд. Ин фоҷеа дар кони "Казахстанская" рух дод ва он ҷо ҳоли ҳам сӯхтор қатъ нашудааст.