ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ҳарорат рӯзона то 2 дараҷа баланд мешавад.
Манбаъ меафзояд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавобидуни бориш ва вазиши бод дар як сония ба 10 метр мерасад.
Дар ғарби вилоят шабона 5 ва рӯзона то 18 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқ бошад рӯзона 8 дараҷа гарм, вале шабона то 11 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд
Дар вилояти Суғд шиддати шамол дар баъзе ноҳияҳо то 15 метр дар як сония мерасад. Ҳаво шабона 15 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15 ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ боришоти борон дар назар нест. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15 ва рӯзона 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13 ва рӯзона 27 дараҷа гарм мешавад.