ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” тақвият хоҳанд дод.
Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян изҳори назар сурат гирифт.
Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт.
Ҷонибҳои Тоҷикистону Чин ба масъалаҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат дахл карданд.
Онҳо ҳамзамон афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим ва тавсеаи фаъолият дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)-ро баррасӣ карданд.
Расулзода ва Ли Тсян вазифаҳоеро, ки бояд дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо дар заминаи иқтисоди рақамӣ, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳал шаванд, баррасӣ карданд.
Дар ин дидор ҳамзамон масъалаи зиёд кардани иқтидори гузаргоҳи "Кулма — Қаросу" ба миён гузошта шуд.
Дар ин дидор ҳамчунин масоили марбут ба амнияти минтақа ва авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя баррасӣ шудааст.