ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Покистон хусусиятҳои ҳамкорӣ дар тарҳи CASA-1000-ро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ сухан рафт.
Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ баррасӣ карданд.
Расулзода ва Ҷелонӣ ба энергетика, бахусус, ба вижагиҳои ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳи CASA-1000 таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва вазъи Афғонистони ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарҳи CASA-1000 интиқоли 1000-1300 МВт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Афғонистон ба Покистонро дар бар мегирад.
Интизор меравад, ки 70% интиқол дар ин хат аз ҷониби Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон анҷом дода шавад.
Кишварҳои иштирокчии CASA-1000 (Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд.