ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд.
Мавзӯи асосии он баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 будааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дода, афзудааст, ки лоиҳаро вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ кардааст.
Гуфта мешавад, лоиҳаи буҷети давлатӣ бо ҳадафи амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиши таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, рушди соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, беҳсозии сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Ба гуфтаи президент, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ҳукумат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.
Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025 — 2026 супориш додааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон, дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 ҳисоботи ироа шудааст.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои буҷаи давлатӣ ва қарзгирии хориҷӣ пуштибонӣ карда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.