ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷонибдори табдил додани минтақа ба фазои осоишта, амн, шукуфоӣ ва ҳамоҳанг аст.
Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ Дабири кулли ин иттиҳодия Чжан Мин изҳор дошт.
"Ҷаҳон бо нооромиҳои амиқи геополитикӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Мин, Созмони ҳамкориҳои Шанхай қасд дорад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ динамикаи муваффақи рушди ин иттиҳодияро намоиш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар Бишкек ҷаласаи 22-юми Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагони ҳамаи 9 кишвари созмон, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Покистон ширкат доранд.
Илова бар ин, дар Бишкек ҷаласаҳои Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешаванд.