Раҳмон дар мулоқот бо Умар Кремлёв аз муштзанҳои тоҷик тавсиф кард

Роҳбари давлат аз ҷумла аз дастоварди муштзанҳои тоҷик дар Бозиҳои Осиёии олимпӣ, ки соҳиби як нишони заррин ва як биринҷӣ гардиданд таъкид намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат бо Умар Кремлёв, президенти Ассосиатсияи байналмилалии бокс мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дода, зикр намуд, Кремёл бо сафри корӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон муштзанҳои тоҷикро тавсиф намуда, натиҷаи онҳоро дар қиёс ба солҳои пеш баланд арзёбӣ кард.
Президент аз ҷумла дастовардҳои боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои осиёиро дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин арзёбӣ кард. Дар ин мусобиқа боксчиёни тоҷик як медали тило ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Тими бокси Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ нодуруст баҳогузорӣ шуд
Манбаъ афзуд, ки дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар ҷумҳурӣ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XIX осиёӣ аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор шуданд. Дар он ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат варзида, аз рӯи 40 риштаи варзиш ва 61 ришта мусобиқот баргузор шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқот боксчиёни тоҷик 2 медал гирифтанд. Давлат Болтаев медали тило ва Миҷгона Самадова биринҷӣ. Онҳо инчунин ба Олимпиадаи соли 2024 дар Порис роҳхат гирифтанд