ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тоҷикистон метавонад захираҳои табиии худро барои ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳо тақсим кунад.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар форуми Global Gate изҳор дошт.
Вай гуфт, Тоҷикистон аз унсурҳои нодири замин бой аст, ки кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба он ниёз доранд.
Дипломати тоҷик зимни суханронии худ ба иқтидори гидроэнергетикии кишвар ишора карда, онро “яке аз муҳимтарин самтҳои гузариши сабз ва манбаи асосии тавлиди гидрогени сабз” хонд.
"Тоҷикистон бо қабули Стратегияи "Иқтисоди сабз" барои гузариш ба иқтисоди сабз замина гузошт ва ният дорад, ки то соли 2050 истеҳсоли нерӯи барқро аз манбаъҳои таҷдидшаванда ду баробар афзоиш диҳад", - иброз дошт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси Global Gateway моҳи ноябри соли 2022 пешниҳод шуда буд. Он кишварҳоеро дар бар мегирад, ки дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат, технология ва ғайра сармоягузорӣ мекунанд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои ҷаҳон оид ба масъалаҳои гузариши сабз, долонҳои нақлиётӣ, маориф ва тандурустӣ табодули назар мекунанд.