Мақомот: бекорӣ дар ВМКБ коҳиш ёфт

Гуфта мешавад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо назардошти сохтмонҳои азим теъдоди зиёди сокинон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар нуҳ моҳи соли равон 4 243 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар ин бора муовини раиси вилоят, Анвар Иматшо дар ҷаласаи назди раис изҳор дошт.
Ба таъкиди ӯ, ҷиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҷалб намудани бекорон ба касбомӯзӣ аз тарафи масъулин пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Манбаъ афзуд, ки дар ин муддат ба 142 нафар бекорони дар қайдбуда, маблағ ҷудо гардида, курсҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ чӯбтарошӣ ва дигар омӯзишҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда шуданд.
Баҳси таъмини бекорони ВМКБ бо шуғл: Раиси вилоят ҷои корро нишон дод
Зимнан, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот ба масъулин барои паст намудани сатҳи бекорӣ ва ба шуғл фаро гирифтани сокинони вилоят дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Таъкид гардид, ки дар вилоят ҳоло сохтмонҳои азим ҷараён доранд ва аз ҳисоби онҳо аксар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Аз ҷумла, шумори зиёди сокинон дар сохтмони неругоҳи барқии "Себзор", сохтмони роҳи мошингард аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, сохтмони хонаҳои баландошёна дар шаҳри Хоруғ машғуланд.