Чӣ гуна тарҳҳои нави Бонки авруосиёии рушд барои ҳамгироии ИИАО мусоидат мекунанд?

Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд ду лоиҳаи нави рақамии байналмилалиро дастгирӣ кард, ки ба ҳамгироӣ дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тарҳҳои наве, ки Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд дастгирӣ кард, ба таҳкими ҳамгироӣ дар саноати сабук, инкишофи малакаи мутахассисон равона гардидаанд.
Ин нукта зимни пули видеоии Маскав – Остона – Бишкек – Ереван – Минск – Тошканд дар мавзӯи "Лоиҳаҳои нави Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки авруосиёии рушд: ҳамгироии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё" баён шуд.
Платформаҳои нав ба идомаи ҳамкориҳои кишварҳои ИИАО мусоидат хоҳанд кард, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои Бонки авруосиёии рушд, масъули Фонди ташаббусҳои рақамии бонк, Тигран Саркисян.
Маълум шуд, ки созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон кай ба имзо мерасад
"Мо борҳо таъкид карда будем, ки ҳадафи асосии мо фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон ва соҳибкорони иттиҳодия мебошад, ки лоиҳаҳои мазкур маҳз ҳамин мушкилотро ҳал мекунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар замони муосири таҳаввулот, такмили ихтисос ва соҳиб шудан ба малакаҳои нав вазифаи ниҳоят муҳим аст.
"Барномаи WorldSkills, аз ҷумла дар фазои Иттиҳод самаранокии худро собит кардааст. Платформаи рақамӣ, ки ба кор андохта мешавад, дастрасии шаҳрвандони ИИАО-ро ба имкони такмили маҳорати касбии худ осон мекунад", - изҳор дошт Саркисян.
Самти дуюм тиҷорат аст, зеро платформаи байналмилалӣ дар соҳаи саноати сабук имкон медиҳад, ки робитаҳои ҳамкорӣ дар тамоми ИИАО бо истифода аз технологияҳои муосир густариш дода шаванд.
Онҳо барои корхонаҳо, аз ҷумла барои корхонаҳои хурду миёна шароити мусоид фароҳам меоранд, ки тавассути платформаи рақамӣ метавонанд дар бозори фурӯш шарикон пайдо кунанд. Ҳамин тариқ, платформа самаранокии саноати сабукро дар тамоми ИИАО ба таври назаррас афзоиш медиҳад, таъкид намуд Саркисян.