Шикасти "Истиқлол"-и Душанбе дар Эрон

Бозии тими футболи душанбегӣ бо дастаи эронӣ дар меҳмонӣ дар ҳузури беш аз 36 ҳазор тамошобин дар Эрон баргузор гардида, ба фоидаи мизбон анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. "Истиқлол"-и Душанбе дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи "Е" аз дастаи "Персеполис"-и Эрон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сабқат дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и шаҳри Теҳрон дар ҳузури зиёда аз 36 ҳазор тамошобин сурат гирифт.
Саид Содиқӣ дар дидори мазкур муаллифи дубл гардид. Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати "Персеполис" 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард, афзуд ФФТ.
Нигаронӣ ва шодии Шоҳрух Саидзода аз омадани Роналду ба Душанбе: Шоҳи футбол меояд
Тими Душанбе бозии навбатии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 рӯзи 7 ноябр баргузор мекунад. Дар ин рӯз қаҳрамони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи "Персеполис"-и Эронро қабул менамояд, хабар дод ФФТ.
Бозии қаблии "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳо бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт. Дар бозии аввалаш зидди "Ал-дуҳайл"-и Қатар натиҷа мусовӣ буд
Тими "Персполис" бошад, бозии аввалашро бар "Ал-Наср" бохт ва дар рақобати дуввум "Ал-дуҳайл"-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.