ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Суръати интернет дар баъзе ҳолатҳо дар қисматҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон паст буда, алоқаи одии мобилӣ низ қонеъкунанда нест.
Ин нуктаро раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот зимни машварати назоратӣ бо иштироки масъулини бахшҳои мухталиф баён доштаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, дар ҷараёни машварат, роҳбарони ширкатҳои мобилии фаъол дар вилоят аз ҷумла аз омодагӣ ба мавсими зимистон ахбор доданд.
Дар ин замина, Мирзонабот дастур додааст, ки мушкилоти марбут ба суръату сифати интернет бояд бо назардошти ба инобат гирифтани минтақаҳои дурдасти вилоят, дар кутоҳтарин фурсат ҳал карда шаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур гуфтааст, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръат дар авлавияти фаъолияти ниҳоди зертобеяш ва ширкатҳои мобилӣ аст.
Ӯ гуфт, бо мақсади муайян намудани тамоми минтақаҳое, ки дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар он заиф мебошад, аз ҳисоби масъудини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуд.
Вай дар мавриди нархи интернет ва зангҳои телефонӣ гуфтааст, ки ҳарчанд арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода шуд, ки ҷиддан талош намоянд.