Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Номзад ба президентии ИМА хостори эътирофи гузашти қаламравҳои нав ба Русия шуд

Яке аз номзадҳо ба президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон бар ин аст, ки мавқеъгирии феълии Вашингтон боиси наздикии бештари Маскаву Пекин мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд бо пайвастани бахше аз қисматҳои Украина ба Русия созиш кунад.
Ин нуктаро яке аз номзадҳо ба президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, Вивек Рамасвами баён дошт.
"Барои ҳалли зудтари муноқишаи Украина, Вашингтон бояд ба пайвастани минтақаҳои русзабон ба Русия розӣ шавад", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, дастгирии бечунучарои Киев боиси он шудааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико "дар низоъ дар Украина ғарқ шудааст" ва аз ҳамкориҳои Русия бо Чин барои худ мушкилот эҷод мекунад.
"Қадами дуруст дар ин маврид таъмини роҳи оқилона ба сӯи сулҳ, созишест, ки ба зудӣ ба низоъ хотима хоҳад дод ва аз ҷумла тааҳҳуди қатъӣ, ки НАТО Украинаро қабул намекунад", - гуфт Рамасвами.
"Мо бо Байден розӣ ҳастем": Маскав ва Вашингтон ниҳоят ҳамфикр шуданд
Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки Маскав бояд гӯё аз иттифоқи низомии худ бо Пекин даст кашад ва "ҳузури низомии худро дар нимкураи ғарбӣ хотима диҳад".
Маврид ба зикр аст, ки дар аз тирамоҳи соли 2022 дар натиҷаи ҳамапурсии сокинон чор минтақаи нав - ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон ба Русия пайвастанд.
Дар натиҷаҳои ҳамапурсӣ раисиҷумҳури Русия Владимир Путин санад дар бораи пайвастани ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон ба Русияро имзо кард.