ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қонуншиканиҳои хориҷиён дар Русия вокунишҳои иҷтимоӣ дар пай доранд, изҳор дошт сарвазири кишвар, Михаил Мишустин.
Вай зимни ҷаласаи ҳукумат дар масоили марбути ҳузури хориҷиён дар Русия, хостори таҳкими назорати бахши муҳоҷират дар кишвар шуд.
"Таъмини сатҳи дурусти назорат аз болои будубоши коргарони хориҷӣ дар Русия муҳим аст. Бояд ба таври муассир афроди моил ба қонуншиканӣ ошкор карда шаванд", - изҳор дошт ӯ.
Сарвазир дар ин замина аҳамияти рақамисозиро таъкид кард, ки бояд дар соҳаи муҳоҷират татбиқ карда шавад.
Таъкиди Мишустин дар ҳолест, ки ин масъала ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев гуфт, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар аз соли 2021 ба ин сӯ кам шуда истодааст, аммо адади ҷиноятҳои содиркардаи онҳо меафзояд.
Вазир ба ёдоварӣ, ки Русия ҳоло аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад, мубориза бо амалҳои ғайриқонунии онҳоро ниҳоят муҳим хонд.
Колоколтсев таъкид намуд, ки Русия ҳамеша меҳмонон аз кишварҳои дигарро хуш пазироӣ мекунад, вале онҳо бояд волоияти қонунро аз одатҳои худ боло донанд, қоидаву меъёрҳои рафтори дохили кишварро риоя кунанд, анъана ва арзишҳои ахлоқиро эҳтиром гузоранд.