ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Худтаъминкунии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо маҳсулоти ғизоӣ ба 93% расидааст, иттилоъ дод мудири департаменти сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии иттиҳодия, Армен Арутюнян.
Вай дар барномаи "Подкасти авруосиёӣ" ҳамчунин эътироф кардаст, дар бархе аз бахшҳо ҳанӯз вобастагӣ аз воридот ҷой дорад.
"Мо мефаҳмем, ки мо аз захираҳои моддию техникӣ хеле зиёд вобастагӣ дорем, инҳо тухмӣ, маводи кишт, генетика мебошанд. Ҳоло мо ҳама кори заруриро мекунем, то дар кишварҳои худ истеҳсолоти самаранок дошта бошем", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ба Тоҷикистон низ қисмати зиёди маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, асосан Русия ва Қазоқистон дастрас мекунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар ҳудуди кишварҳои ИИАО болоравии нархи озуқаворӣ давоми як соли охир ба қайд гирифта шудааст.
Шохиси нархҳои истеъмолии мол ва хизматрасонӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи сентябри соли равон нисбат ба моҳи августи соли 2023 ба 100,8%, дар моҳи декабри соли 2022 – 104,8% ва моҳи сентябри соли 2022 – 106,5%-ро ташкил дод.
Нархи махсулоти ғизоӣ дар ин давра 5,4%, махсулоти ғайриозуқа 5,3% афзуд, иттилоъ дод бахши омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.