Чилучорчашма: чашмае, ки 11 дардро шифо мебахшад

"Чилучорчашма" зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон буда, миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш шинохта шудааст
Sputnik
Ин чашмаи шифобахш ҷамъан аз 44 чашма иборат аст, ки ба 17 гурӯҳ тақсим мешаванд.
Чунин гурӯҳбандӣ аз рӯи хосияти табобатии чашмаҳо дар асоси ташхисҳои бисёрсолаи олимон муайян карда шудааст.
Ҷолибтарин хусусияти ин ёдгорӣ, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ чалб намудааст, ин моҳиҳо ва морҳои "Чилучорчашма" мебошанд.
Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашмаи обҳо шино мекунанд. Морҳо аз болои моҳиҳо гузашта, ба онҳо ҳамла намекунанд.
"Чилучорчашма" мавзеи зиёратӣ, истроҳатию рекреатсионӣ маҳсуб шуда, дар ин ҷо туризми зиёратӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ хеле рушд ёфтааст.
Чашмаи шифобахши Чилучорчашма ба ривояти тасвир
Оби 17 чашмаи он шифобахш ба шумор меравад. Ҳар як чашмааш хусусияти табобатӣ ва ба худ номи хос дорад.

Пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.