Дар Ярославл шумораи муҳоҷирони корӣ афзуд

Тибқи иттилои расмӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ба буҷаи маҳаллӣ 309 миллион рубл пардохт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20% бештар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар вилояти Ярославл шумораи муҳоҷирони корӣ афзуд. Ҷаҳиш тақрибан ба 30% баробар аст.
Дар ин бора вазири молияи ин вилоят Алексей Долгов дар ҷаласаи кумитаи думаи вилояти Ярославл оид ба сиёсати буҷа, молия ва андоз хабар дод.
Масъулон ҳамчунин лоиҳаи қонунро дар бораи муқаррар кардани коэффисенте, ки хусусияти минтақавии бозори меҳнатро инъикос мекунад, баррасӣ карданд.
Дар Самара теъдоди муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон мераванд, эълон шуд
Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2023 дар вилояти Ярославл ба муҳоҷирони корӣ беш аз 7,4 ҳазор патент дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ҳамагӣ 5.3 ҳазор патент дода шуд.
Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба буҷаи маҳаллӣ 309 млн рубл пардохт кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20% бештар аст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия бояд қаблан Вазорати корҳои дохилии Русияро дар бораи кор дар ин кишвар огоҳ кунанд. Ҳуҷҷати дахлдор дастӣ ва ё компютерӣ бояд пур карда шавад.