ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки аз 306,7 ҳазор гектар майдони кишти ғалладонагиҳо ҳосили зиёда аз 301 ҳазор гектар даравида шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳосили умумии ҷамъоваришуда ҳудуди 925 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 30,7 сентнерро ташкил медиҳад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони қариб 212 ҳазор гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки аз он ҳосили зиёда аз 211,8 ҳазор гектар куфта шуд.
Гандуми ҷамъоваришуда дар Тоҷикистон зиёда аз 704,3 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 33,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон инчунин рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки ба далелил талаботи зиёд ба он "нони дуюм" номаш мебаранд.
Ин ниҳод гуфт, дар ҷумҳурӣ дар майдони умумӣ зиёда аз 33,5 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ҳол ҳосили қариб 30,2 ҳазор гектари он ҷамъ оварда шудааст.
Ҳосили умумии ҷамъоваришуда 710 ҳазор тонна ва ҳосилнокӣ 235 сентнерро ташкил медиҳад, омадааст дар иттилоия.