ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии Тоскулоҳи бузург, ки дар дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад, 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд
Тоскулоҳи бузурги Абузабӣ ва ё "Abu Dhabi Grand Slam 2023" аз 24 то 26-уми октябр доир мегардад.
Дар ин мусобиқа ширкати 467 варзишгар аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) аз 81 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа миёни мардон Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кг, Муҳаммадсолеҳ Қувватов то 60 кг, Обид Ҷебов то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов то 90 кг ва инчунин Эмомризо Анварзода то 100 кг намояндагӣ мекунанд.
Ҷумҳурӣ ҳарчанд миёни занон соли қаблӣ намоянда дошт, аммо имсол надорад.
Ин мусобиқа дар доираи Сайри ҷаҳони ҷудо баргузор гардида, варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 талош мекунанд
Ҳамчунин, ба ғолибону ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад: ҷои якум – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 евро.