Дар Санкт-Петербург намоишгоҳ бахшида ба қаҳрамонони тоҷик баргузор мешавад

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳ кормандони Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар Санкт-Петербург ба Осорхонаи миллӣ омаданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар Санкт-Петербург як намоишгоҳи муштарак баргузор мекунанд.
Дар ин бора аз Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки намоишгоҳ моҳи январи соли 2024 баргузор шуда, ба 80-умин солгарди аз фашизм озод шудани Ленинград ва корнамоиҳои қаҳрамононаи мардуми тоҷик бахшида мешавад.
Ҳамин тариқ, аз осорхонаи Тоҷикистон беш аз 100 ашёи гуногуни таърихӣ, аз қабили аксҳо, наққошиҳо, плакатҳо, сӯзаниҳо, либосҳои низомӣ ва лавозимот, ки ҷасорат ва мардонагии мардуми тоҷикро дар пирӯзӣ бар фашизм инъикос мекунанд, интихоб карда шуданд.
Дар Душанбе форуми "Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия" баргузор шуд
Барои омода ва дар сатҳи баланд баргузории намоишгоҳ кормандони Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург бо роҳбарии муовини директори генералӣ ба Осорхонаи миллӣ омаданд.
Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти осорхонаҳо баррасӣ шуданд.
Дар баробари ин меҳмонон бо ёдгориҳои гуногуни таъриху фарҳанг шинос шуданд, ки дар онҳо корнамоиҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик дар замони аз фашизм озод карда шудани Ленинград нишон дода шудааст.