Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар масъалаҳои амният ва иқлим идома медиҳад

Дар Люксембург нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд, ки дар паи он эъломияи муштарак ба тасвиб расид.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо суханронӣ кард.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тавр, дар Люксембург ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои амният ва иқлим доир гардид.
Аз ҷумла, вазирон сатҳи ҳамкориҳои кунунии минтақа ва дурнамои онро баррасӣ карданд.
Осиёи Марказӣ ба мушкилоти иқлим боз ҳам бештар таваҷҷӯҳ мекунад
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар бораи “Харитаи роҳ” ба мувофиқа расиданд, ки таҳкими кор дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, рақамисозӣ ва таҳкими марзҳоро пешбинӣ мекунад.
Дар поёни мулоқот вазирон эъломияи муштарак қабул карданд.
Қобили зикр аст, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои мухталиф мулоқотҳо доир намуда, мушкилоти кунунии иқлимро баррасӣ мекунанд ва роҳҳои ҳалли онҳоро муштаракан таҳия менамоянд.