ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Асоси ҳалли муноқишаи Фаластин ва Исроил бояд таъсиси давлати мустақили Фаластин бошад.
Дар ин бора котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
Ӯ таъкид кард, ки мавқеъи ҷониби Русия хеле мувофиқ аст ва инро президент Путин низ борҳо баён кардааст.
"Мо ҳама зуҳуроти терроризмро маҳкум мекунем ва ба хешовандону наздикони қурбониён тасаллият мегӯем. Мо чунин мешуморем, ки ҳарчи зудтар оташбас таъмин карда шавад, ки заминаи он таъмини давлати мустақил барои фаластиниҳо аст”,- гуфт Песков ба хабарнигорон.
Вай афзуд, ки Русия "бо ҷониби Исроил муколамаи хеле мунтазам ва доимӣ" анҷом медиҳад ва пайваста табодули назар мекунад.
Субҳи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. То ҳол шиддати даргириҳо аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштааст.
Муноқишаи Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо собиқа дошта, асосан дар заминаи қаламрав сар мезанад.
СММ бо нақши фаъоли Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1947 барои таъсиси ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор карда буд, аммо танҳо давлати Исроил таъсис дода шуд.
Исроил дар баробари эълон кардани созиш бо меъёри дудавлатии муайянкардаи СММ, қаламрави Фаластинро пурра озод накарда истодааст. Маскав татбиқи низоми дудавлатиро яке аз омилҳои таъмини амният дар минтақа медонад.