Даргузашти Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон

Мавсуф дар баробари телевизиони Тоҷикистон солиёни зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Рафоат Абдусаломова, аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ровии дараҷаи олӣ ва Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон аз олам даргузашт.
Дар ин бора пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода гуфтанд, ки рӯзноманигор бомдоди рӯзи 24 окятбр аз олам рафт.
Номбурда 84 сол дошт. Маросими видоъ бо марҳум соати 12:00-и имрӯз дар кӯчаи Мирзо Турсунзода 8 сурат гирифта, ҷанозааш баъди намози зуҳр баргузор мегардад.
Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.
Пас аз ду рӯзи зодрӯз, Шодӣ Шабдолов даргузашт
Санаи 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро нахустин маротиба ӯ ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд.
Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли теле­визиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии "Дугонаҳо", "Гулдаста", "Ватан ва фарзандон", "Муҳаббат ва оила", "Гулдухтарон", "Дилафрӯз" ва ғайра, ки миёни тамошобинон маҳбубият дош­танд, саҳм гузоштааст.
Мавсуф солиёни зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Дар замони бознишастагӣ ӯ ҳамзамон ду дастурамал "Телевизион — оинаи зиндагӣ" ва . "Наттоқ, чеҳраи телевизион"-ро аз таырибаҳояш барои насли нав навиштааст.