ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ сафири фавқулода эътимоднома қабул кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дода гуфтааст, ки мулоқоти роҳбари давлат бо сафирони хориҷӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи сафирони ҷумҳуриҳои Эрон, Туркманистон, Покистон, Олмон, Фаронса, Муғулистон, Ветнам, Швейтсария, Филиппин ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Кореяро қабул намуд.
Сарвари давлат зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро табрику гуфта, таъкид кардааст, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳа байни кишварҳо хоҳад гардид.
Ӯ дар идома таъкид намуд, ки Тоҷикистон рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳо ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад, ки он дар асоси усули “дарҳои кушода” амалӣ мегардад.
Президент зимни баромадаш ҳамчунин изҳори омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати густаришу тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намудааст.
"Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз идомаи ҳамёрӣ бо кишварҳо дар самтҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд",- афзуд манбаъ.
Кишвардори Тоҷикистон дар хотима омодагии ҷумҳуриро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфиятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.