ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Танҳо дар 350 муассиса аз шумори умумии беш аз 1200 макотиб ва кӯдакистонҳои Суғд системаи ягонаи гармидиҳӣ фаъол аст.
Ба иттилои Раёсати маорифи Суғд, таъмини гармии беш аз 850 муассисаи таълимӣ тавассути печҳои бухорӣ бо ҳезум ва ангишт сурат мегирад.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Сайфулло Раҳматов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо печҳои бухорӣ насб карда мешаванд.
"То ҳол дар ҷамъи муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 17 ҳазор тон ангишт, беш аз 8 ҳазор метри мукааб ҳезум ва 6,6 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудаанд” – гуфт Раҳматов.
Системаҳои ягонаи гармидиҳӣ ё дегхонаҳои буғӣ, ки умдатан замони шӯравӣ дар макотиб фаъол буданд бо мурури вақт фарсудаву корношоям шудаанд. Сохтмон ва фаъолсозии дегхонаҳо маблағи калонро тақозо менамояд ва феълан ҳукуматҳои маҳаллӣ ин имконро надоранд.
Соли таҳсили 2023 – 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Суғд беш аз 572 ҳазор нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба шумор толибилм беш аз 40 ҳазор омӯзгор дарс мегуяд.