ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Нархи як литр гази моеъ дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд то 7,8 сомонӣ расидааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки ба чанде аз навоҳии вилояти Суғд сафар кард, мегуяд, арзиши гази моеъ дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл боз ҳам баланд шудааст.
Аз ҷумла қимати як литр гази моеъ дар навоҳии Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Деваштичи вилояти Суғд то ба 7,5 – 7,8 сомонӣ дака задааст.
"Дар тоблуи нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ, ки наздик ба маркази ноҳия фаъолият доранд, арзиши газ 7,5 сомонӣ, вале дар деҳотҷойҳо он ба 7,8 сомонӣ баланд шудааст" – шарҳ медиҳад хабарнигор.
Як ҳафта қабл ин навъ маводи сӯхт ҳамагӣ 6,8 – 7,4 сомонӣ нарх дошт.
Дар суҳбатҳои сарироҳӣ фурӯшандаҳо изҳор доштанд, ки гароншавии нархи яклухти гази моеъ сабаби баландшавии нархи чаканаи он гардидаст.
Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ҳамасола дар остонаи фасли зимистон арзиши маводи сӯхт дар Тоҷикистон баланд мешавад.
Соли пеш дар ин шабурӯз гази моеъ бо нархи 6,5 – 6,8 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешуд. Баландшавии нархи маводи сӯхт ба афзоиши нархи молҳои бозорӣ низ бетаъсир намемонад.